Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Кишвардори Тоҷикистон ба Содир Ҷабборов сиҳатмандию комёбӣ ва ба мардуми Қирғизистон сулҳу субот таманно кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Содир Ҷабборов бинобар интихоб шуданаш ба маснади президентӣ барқияи шодбошӣ ирсол кард, хабар медиҳад котиботи кишвардор.

Раҳмон ба кишвардори тозаинтихоби Молдова барқияи шодбошӣ фиристод

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи ирсолкардаи худ ба муносибат ва робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон махсус таъкид намудааст. 

Раҳмон ба сарвазири тозатаъйини Ҷопон барқияи шодбошӣ фиристод

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки мероси таърихии созандаи муносибатҳо тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон ба Содир Ҷабборов сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти сермасъули давлатияш комёбиҳо хоста, ба мардуми Қирғизистон сулҳу субот ва пешравӣ таманно намуд.