Марги сӯфиёна: даргузашти донишманде, ки солҳои охир кунҷи узлат гузида буд

 Ӯктами Холиқназар, забоншинос, нависанда ва мутарҷими тоҷик дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ солҳои охир ба кунҷи хилват рафта, рӯзгори сӯфиёнае дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Яке аз дӯстони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ маризии қалб дошт ва ҳамагӣ ду рӯз бистарӣ ва гӯё аз анҷоми зиндагии худ хабар ёфта буд, ки писараш Алишерро аз Русия ба Тоҷикистон фаро хонд.

“Дар ҳамон хонаи фақиронааш, ки дар кӯчаи “Дӯстии халқҳо” – и шаҳри Душанбе ҷойгир аст, солҳои охир кунҷи хилват гузида, кам берун меомад ва аслан бо омӯзишу таҳқиқ машғул буд. Дирӯз ҳаволии зуҳр ҷон ба ҷонофарин супурд”, - гуфт ӯ.

Ӯктами Холиқназар 8 октябри соли 1940 дар шаҳри Конибодом ба дунё омада, хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) – и Тоҷикистон аст. Пас аз хатми донишгоҳ чандин сол дар кишвари Яман минҳайси тарҷумони забони арабӣ кор кардааст.

Даргузашти овозхон Қурбоналӣ Абдуллоев: "ӯ гирифтори коронавирус буд"- видео

Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон солҳо наттоқ ва як замон корманди шуъбаи адабии "Радиои Тоҷикистон" буд. Як муддат дар нашриёти "Ирфон" низ кор кард. Ӯктами Холиқназар яке аз пешгомони ҳаракати мардумии "Растохез", аввалин созмони сиёсии Тоҷикистон буд, ки 14 сентябри соли 1989 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт ва то соли 1997 фаъолият дошт.

28 октябри соли 1989 дар Тоҷикистон бо ҳадафи барқарор намудани иртибот бо ҳамватанон ва тоҷикони берун аз Иттиҳоди Шӯравӣ созмони байналмилалии ҷамъияти "Пайванд" ташкил ёфт, ки раҳбарии онро академик Муҳаммад Осимӣ бар дӯш дошт. Ӯктами Холиқназар муовини ӯ дар умури робита бо ҳамзабонони бурунмарзӣ интихоб шуд ва аз аъзои Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ низ буд.

Пас аз замони истиқлол Ӯктами Холиқназар аз корҳои сиёсиву идорӣ ва ҷамъиятӣ берун рафта, ба корҳои эҷодӣ машғул шуд. Ӯ ҳатто соли 2003 аз узвияти Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон хориҷ шуд. Аз ҷумлаи осори бадеии ӯ ҳикояҳои ӯ дар маҷмӯаи "Ёди дил" ва повести "Рӯзноманигори озод" аст, ки дар миёни хонандагон маъруфияти зиёд дорад. Ӯ ҳамчунин романҳои "Мартин иден" –и Ҷек Лондон ва "Як гулу сад харидор" – и Кришан Чандарро тарҷума кардааст.

Даргузашти собиқ мудири бахши Кумитаи дин дар Бӯстон

Аз ҷумлаи осори илмии ӯ даҳҳо мақола ва китоби "Ғалат нанависем", ки ба имлои забони тоҷикӣ бахшида шудааст, боқӣ мондааст. Охирин китоби ӯ ба унвони "Солшуморӣ ва мӯчал", ки шарҳи тақвимҳои ҷаҳонӣ аст, як соли пеш ба нашр расидааст.

Ҷанозаи Ӯктами Холиқназар, имрӯз соати 10, дар қабристони маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.