То 200 сомонӣ мегирифт: боздошти зани 41 - сола барои ташкили фоҳишахона

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Кормандони милитсия зани 41 - соларо боздошт намуданд, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Иҷора гирифту ба фоҳишахона табдил дод: боздошти зани 34 - сола дар Душанбе

Ба иттилои манбаъ, номбурда сокини ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан буда бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 5 январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 27 ва зани 32-солаи сокинони шаҳри мазкур шароит муҳайё намуда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Зимнан, рӯзи 9 декабр низ чунин шароитро барои ҷавони 21 ва зани 32 - сола муҳайё намуда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Макони ишқварзӣ ба ивази 120 сомон: боздошти зани 41-сола барои ташкили фоҳишахона

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.