Пули калон дод, аммо соҳиби хонаву мағоза нашуд: пулиси Душанбе марди қаллобро меҷӯяд

Сокини ноҳияи Сино аз як нафар марди 48 - сола маблағи калон гирифта, ваъда дод, ки бар ивази пул ба ӯ ду хонаи дуҳуҷрагӣ ва ҳамчунин як нуқтаи савдо гирифта медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Сокини Душанбе ҳамсояи худро фиреб дода, маблағи калонро аз ӯ гирифтааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

“Мерседес”-и 60 ҳазордоллариро бо 10 ҳазор доллар гирифтаст: шикоят аз қаллобӣ дар Душанбе

Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 48 -сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуд. Номбурда изҳор доштааст, ки ӯро сокини 43 - солаи ноҳияи Сино фиреб додааст.

Боздошти директори ширкати сохтмонии “Муҳаммадҷон 2011” барои қаллобӣ ва сохтакорӣ

Бар тибқи маслиҳати пешакӣ, ҷабридида бар ивази маблағи додааш бояддар кӯчаи Меҳнатӣ соҳиби ду хонаи дуҳуҷрагӣ ва ҳамчунин нуқтаи савдо мешуд.

"Вале, ҳаммаҳали ӯ, ки ба боварияш даромада ва вай 104 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта буд, ғайб зад ва дигар маблағи гирифтаашро ҳам барнагардонд", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳодисаи мазкур ҳанӯз моҳи майи соли 2018 иттифоқ афтод ва аз он сол то ба ҳол, ҷабридида соҳиби хонаву мағоза нашуд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.