ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 30-35 то 37-42 дараҷа хунук ва рӯзона ҳарорати ҳаво 15-20 то 23-28 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.