Сахт андуҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоко Видодо

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути фоҷиабори ҳавопаймо дар Индонезия бо кишвардори ин давлат изҳори таслият кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвардори Индонезия Ҷоко Видодо барқияи таслият ирсол намуд.

Садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар Индонезия: пахши амалиёти наҷот

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар номаи таслияти президент омада, ки ин ҳодиса боиси андуҳи раҳбарияти Тоҷикистон шудааст.

"Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Индонезия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар иртибот ба ин фоҷеаи вазнин ба президент ва мардуми дӯсти Индонезия ҳамдардии амиқи ин ҷонибро иброз дошта, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонам", - омадааст дар нома.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 9 январ дар Индонезия ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737 замони парвоз аз Ҷакарта ба Понтианак суқут кард.

Ҳамаи мусофирони ҳавопаймои суқуткарда дар Индонезия ба ҳалокат расиданд

Дар дохили ҳавопаймои мусофирбари ширкати Sriwijaya Air, 65 мусофир аз ҷумла 12 ҳайъати сарнишин буданд, ки ҳама ҳалок шуданд.