ДУШАНБЕ, 09 янв – Sputnik. Як манбаъи ғайрирасмӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Душанбе аз сӯи мақомоти масъул даҳҳо нафаре, ки бо тиҷорати криптовалюта машғул буданд, ошкор ва мавриди бозпурсӣ қарор дода шудаанд.
“Он қадаре, ки мо хабар дорем, ин афрод баъди бозпурсӣ раҳо шудаанд, аммо пеши қонун ҷавобгар хоҳанд шуд. Онҳо аз Чин дастгоҳҳои мавсум ба майнерро ба Тоҷикистон оварда, тавассути онҳо бо тиҷорати криптовалюта машғул будаанд. Як криптовалюта то 38 ҳазор доллар арзиш дорад”, - гуфт ин манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, ин як амалиёти густарда дар саросари Тоҷикистон буда, аз сӯи вазорати корҳои дохилӣ роҳандозӣ шудааст, аммо дар ин ниҳод гуфтанд, ки ин амалиёт ба Кумитаи андоз рабт дорад.
Аммо дар ин Кумита изҳори бехабарӣ карда, фақат гуфтанд, ки ҳар кас дар қаламрави Тоҷикистон бо тиҷорат машғул аст, бояд андоз супорад ва агар тиҷораташ ғайриқонунӣ аст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Як ҳамсуҳбати дигар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, афроде, ки барои машғул будан бо тиҷорати криптовалюта машғуланд, дар пайи зиёд истифода кардани интернет ошкор шудаанд.
“Ошкор кардани чунин афрод тариқи ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ мушкиле надорад, зеро онҳо бояд шабу рӯз кор кунанд, то додаҳои бузургро коркард кунанд”, - гуфт ӯ.
Як ҳамсуҳбати дигари Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, онҳое, ки майнер доранд бо коркарди додаҳои бузург аз ширкатҳои бузурги хориҷӣ машғул ҳастанд ва амалан ягон ҷинояти вазнин намекунанд, зеро дар қаламрави собиқ Шӯравӣ ҳанӯз криптовалюта эътироф нашудааст ва ҳисобҳои ин афрод ҳама дар хориҷа ҳастанд.
“Он чӣ дар кори онҳо ғайриқонунӣ ва ҷиноят метавонад бошад, дуздии барқ аст, зеро барои коркарди додаҳои бузург барқи зиёд ва интернети босуръат лозим аст. Эҳтимолан онҳо даст ба барқдуздӣ зада, мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти зидахл қарор гирифта бошанд. Барқ дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳо, бахусус хориҷи дур хеле арзон аст”, - гуфт ӯ.
Бо ин вуҷуд, дар асл чӣ ҷараён дорад, кор дар барқ аст ё андоз насупурдани афроди машғул дар тиҷорати криптовалюта, ба мақомоти зидахл маълум аст ва ҳарфи ниҳоӣ бо онҳо хоҳад буд.
Қаблан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани даҳҳо мавриди дуздии барқ тайи чанд моҳи ахир дар кишвар иттилоъ дода буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон аз бебарқӣ азият мекашанд ва ширкати “Барқи тоҷик” маҷбур шуд, аз 5 январи соли равон дигарбора расман реҷаи маҳдудияти интиқоли барқро эълон кард.