Нигоҳдорияш ғайриимкон буд - Назарбоев дар бораи маргу нашъамандии наберааш Айсултон гуфт

Айсултон Назарбоев, ки тобистони соли гузашта даргузашт, натавонист ба нашъамандӣ тоб орад, гуфт Элбасӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Шабакаи телевизионии “Хабар” бахши сеюми филми мустанади "Штрихи к портрету"-ро намоиш дод.

Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи наберааш Айсултон Назарбоев сухан гуфт.

"Аз се духтар ман набераҳои олиҷаноб дорам. Мутаассифона, мо имсол (соли 2020 - Sputnik) як набераро аз даст додем, ки ба ман хеле монанд буд (Айсултон Назарбоев - Sputnik). Ман барои ин набераам сахт таассуф мехурам, ки барвақт рафт ", - гуфт Назарбоев дар як мусоҳибаи видеоӣ.

Вай қайд кард, ки Айсултон дар кишварҳои мухталиф аз нашъамандӣ табобат гирифтааст.

Даргузашти набераи Нурсултон Назарбоев дар Лондон

"Метавонистем ӯро ба ҳеҷ ҷо нафиристем, аммо нигоҳ доштанаш ғайриимкон буд. Вай аллакай ғуломи ин кор буд, худро нигоҳ дошта наметавонист. Мо ӯро дар Маскав табобат кардем, дар Лондон табобат кардем. Чунин ба назар мерасад, ки аз ин кор баромада, аммо боз баргашт", - илова кард, Элбасӣ.

Даргузашти Айсултон Назарбоев

Набераи Элбасӣ Айсултон Назарбоев моҳи августи соли 2020 дар Лондон даргузашт. Тибқи баъзе хабарҳо, дили ӯ аз кор монд.

Айсултон Назарбоев (Алиев) 26 августи соли 1990 ба дунё омадааст. Ӯ писари духтари бузургии президенти Қазоқистон Дарига Назарбоева ва сиёсатмадори қазоқистонӣ Раҳмат Алиев буд. Аз ӯ як писар ва як духтар боқи мондааст.

Набераи Назарбоев хатмкардаи коллеҷи Байналмилалии Остона, "Мактаби байналмилалии Амрико" дар Залтсбург, буда, ҳамчунин аз мактаби Академияи шоҳигарии Бритониё гузашта ва дипломи Донишгоҳи  КИМЭП - ро бо ихтисоси "идоракунии тиҷорат" гирифта буд.