ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ 10-13 январ бо сабаби софшавии ҳаво шабона дар бештари ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ ҳавои сард боқӣ монда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ то 16-21 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ шабона 37-42 дараҷа сардӣ (дар мавзеи Булункӯл шабона 48-50 дараҷа хунук) пешгӯӣ мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ яхбандӣ аз эҳтимол дур нест.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10-12 январ ҳавои камабри бебориш, 13 январ ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 30-35 дараҷа хунук то 37-42 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункӯл 48-50 дараҷа хунук), рӯзона аз 15-20 дараҷа хунук то 23-28 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон 10-11 январ ҳавои камабр ва 12-13 январ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дарҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дарҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Дар вилояти Суғд 10-11 январ ҳавои камабри бебориш ва 12-13 январ ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Инчунин 10-12 январ дар ноҳияҳои алоҳида шамол бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4 дараҷа хунук ва 10 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-150 хунук, рӯзона 3 дараҷа хунук ва 2 дараҷа мешавад.
То -17 дараҷа сардӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз
Дар ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ 10-11 январ ҳавои камабри бебориш, 12-13 январ ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар мебошад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 16-21 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа хунук мешавад.