То -17 дараҷа сардӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, бориши сусти барф дар назар аст.  Ҳаво дар ВМКБ то -17 дараҷа сард мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 23-28 дараҷа хунук дар баъзе ноҳияҳо 31-36 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 12-17 сард мешавад, хабар медиҳад Амит "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ожонси ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад: то 50 дараҷа ҳаво сард мешавад

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона  1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона -3+2 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 7-12  ва рӯзона -2+3 дараҷа хунук мешавад.

Ҳавои сард дар Тоҷикистон то 11 январ идома меёбад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона -3+2 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, бориши сусти барф дар назар аст. Туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  5-7 ва рӯзона  -1+4 дараҷа хунук  мешавад.