Аз Русия ба Тоҷикистон 100 номгӯи таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ворид шуд

Ҳадаф аз ворид намудани таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ, таъмини рушди соҳаҳои илму маориф тавассути техникаю маводи кимёвӣ мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Ба Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионӣ"-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бештар аз 100 номгӯй таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ворид гардид.

Фармони нави Раҳмон баъди пешниҳодоти зиёд кардани стипендияю маош аз соли оянда

Ин маҳсулот аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дастрас гардида, дорои сифат ва серфитикат буда, барои корҳои озмоишӣ, тадқиқотӣ ва таълимӣ равона шудаанд, хабар медиҳад, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ворид намудани таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ба муассисаҳои илмӣ ва олӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ, таъмини рушди соҳаҳои илму маориф тавассути техникаю маводи кимёвӣ мебошад. Зеро солҳои 2020 — 2040 дар Тоҷикистон "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон гардидааст.

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионӣ"-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қаблан ба ҳамаи муассисаҳои илмӣ ва таълимии дахлдор пешниҳоди таҷҳизоти техникӣ, асбоб ва маводу реагентҳои озмоишгоҳиро кафолат дода, барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди илму маориф нақш мегузорад.

Дар Душанбе аз фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ олимпиада баргузор мешавад

Манбаъ афзуда, ки корхона тасмим гирифтааст, ки дар ҷодаи мазкур мақоми аввалинро соҳиб бошад.