Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ягон нафар гирифтори коронавирус нашуд: омори ҷадид

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон ягон мавриди мубталошавии сокинон ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ҳамагӣ 5 маризи нав: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, то 7 январ дар кишвар 13 ҳазору 305 нафар гирифторони сирояти коронавирус сабт гардиданд.

Рӯзҳои истироҳатӣ ҳам: идомаи эмкунии сартосарӣ аз коронавирус дар Русия - навор

То ҳол аз ин шумора 13 152 нафар ё 98,8 дарсади дардмандон шифо ёфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз замони хуруҷи маризии коронавирус то ҳол 90 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳамзамон, 62 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.