То баҳор об намерасад: эълони лимити барқ дар Тоҷикистон

“Барқи тоҷик” дар қаламрави Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқро эълон кард. Ин бори дуввум аст, ки тайи 25 соли ахир дар кишвар расман тасмим гирифта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло вазъият ҷиддӣ буда, эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об вуҷуд дорад, аз ин хотир, лозим аст, ки чанд муддат дар маҳалҳое, ки биноҳои баландошёна надоранд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ вуҷуд дорад, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад.

“Маҳдудият аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки њамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз пурра сарф шудани захираҳои об буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон, зиёд гардидани сатҳи об дар дарёи Вахш ва захираи оби обанбори “Норак” имкони бекор кардани маҳдудият ба назар гирифта шудааст”, - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

 28 июли соли 2020 ҳукумати Тоҷикистон ба далели кам шудани захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Вахш, ки қисмати умдаи барқи кишвар тавлид мешавад, зимни як муроҷиатнома мардумро ба сарфакории нерӯи барқ даъват намуда буд.

 4 октябри соли гузашта “Барқи тоҷик” эълон кард, ки оби обанбори Норак пур шуда, мардум зимистон бидуни барқ нахоҳанд монд. Моҳи ноябр аз саросари кишвар хабар пахш шуд, ки барқ, ба истиснои пойтахт, дар шаҳру деҳоти дигар қатъ мешавад.

"Барқи тоҷик": обанбор то моҳи сентябр аз об пур ва лимити барқ ҷорӣ намешавад

 Аммо “Барқи тоҷик” ин ҳамаро ба таъмири неругоҳҳо, қабл аз ҳама “Норак” рабт дода, 10 декабр эълон кард, ки аз ин ба баъд барқ дар ҳеҷ куҷо қатъ нахоҳад шуд.

Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, ба далели сардиҳои шадиди оғози соли равон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳо, хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” пеш омадааст.

 “Ҳоло сатҳи обанбори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр паст аст”, - афзуд Нозирҷон Ёдгорӣ.

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар ҳудуди 18 миллиард киловат-соат барқ тавлид шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 95% - ро ташкил медиҳад ва қисмати умдаи он 17, 5 миллиард киловат – соат ба нерӯгоҳҳои барқӣ рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, ин бори дуввум аст, ки Тоҷикистон маҳдудияти барқ дар кишварро эълон мекунад. Маҳдудияти қаблӣ, ки аз солҳои 90 – и асри гузашта оғоз шуда буд, соли 2017 расман лағв шуда буд.