Суҳроб Абдуҳамидови “валютчик”, миллионҳо рубли муҳоҷиронро гирифта, куҷо ғайб зад?

Суҳроб Абдуҳамидов сокини шаҳри Истаравшан, ки солҳо боз ба иваз намудани асъор машғул буд, ғайб задааст. Шуморе аз сокинон бе хабар аз он, ки фаъолияти саррофии Абдуҳамидов ғайриқонунӣ аст, ба ӯ бовар карда пулашонро додаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Манобеъи огоҳ дар шаҳри Истаравшан дар бораи бедарак шудани Суҳроб Абдуҳамидов иттилоъ медиҳанд.

Як сокини ин шаҳр дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳудуди як моҳ аст, ки Абдуҳамидов дар бозори марказии Истаравшан ҷойе, ки ҳамарӯза ба иваз намудани пули мардум машғул буд, дида намешавад ва дар куҷо ғайб задани ӯ низ маълум нест.

“Мардум ба фаъолияти ӯ бовар карда пулашонро иваз мекарданд. Шуморе аз онҳое, ки фарзандонашону пайвандонашон аз муҳоҷират рубли русӣ мефиристоданд барои бо курси нисбатан баландтар иваз намудани пулашон ба наздаш мерафтанд”, гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи манобеъ, баъзеҳо ба фаъолияти саррофии ӯ бовар карда, ба ҷуз иваз намудан, ҳатто маблағашонро барои гардиш додан ба ӯ месупориданд.

Ба ҳисоби соҳибкорон, даҳҳо хонаводаи муҳоҷирон аз Истаравшан ва деҳоти ноҳияи Деваштич дар ин миён будаанд, ки миллионҳо рубли худро, ки эҳтимол ба милионҳо доллар мерасад ба ӯ бовар кардаанд.

Бедарак шудаанд: милиса барои пайдо кардани 3 нафар аз мардум кумак хост-видео

Хабари ғайб задани Абдуҳамидовро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тайид карда, гуфтанд, ки ҳоло нисбати ин сокини 45 солаи шаҳри Истаравшан бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз карда шудааст.

“Абдуҳамидов Суҳроб Абдусаломович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан бо он асос дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, ки номбурда аз як сокини 34 солаи ҷамоати Савристони Истаравшан 920 ҳазор сомонӣ, баробар ба 80 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, барои интиқол додан ба кишвари Чин гирифта, вале ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст”,  - гуфтанд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Абдуҳамидов аз соли 2015 то ин ҷониб фаъолияти бонкиро бидуни ба қайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ машғул гардида, бо ин роҳ ба боварии шаҳрвандон даромада, маблағи онҳоро гирифтааст. Зимнан тафтиши парванда алайҳи Суҳроб Абдуҳамидовро прокуратураи вилояти Суғд пеш мебарад.