Дар соли 2020 беҳтарин чеҳраҳои Бадахшон кӣ буданд?

Ахиран дар Маркази сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкории шаҳри Хоруғ ба хотири муаррифии беҳтарин устои асбоби мусиқии халқӣ ва бофандаи соли 2020 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Бино бар иттилои мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ахиран барандагони озмуни беҳтарин устои асбоби мусиқии халқӣ ва бофандаи соли 2020 эълон кард. 

“Соли 2020 бинобар паҳншавии бемории коронавирус соли мушкилтарин буд, вале новобаста ба ин раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳунармандонро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намуда, барои зинда ва эҳё намудани ҳунарҳои халқии Бадахшон онҳоро қадрдонӣ намуд. Имрӯз аз байни 10 нафар устоҳои беҳтарини асбоби мусиқӣ ва 10 бофандаи беҳтарини ноҳияҳои вилоят онҳое ба ҷамъомад даъват шудаанд, ки ғолиби озмун мебошанд”, - иброз дошт муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода.

Гуфта шудааст, ки барои дарёфти истеъдодҳои нав чунин озмунҳо минбаъд ҳам ташкил карда мешаванд,- иброз дошт муовини раиси вилоят.

Аз тарафи муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода ба 4 нафар бофандаи беҳтарини вилоят-Гулзор Маҷнунова, Гулбону Кабирова, Соҳибгул Муминшоева, Суханоро Алибахшова ва 3 нафар устои беҳтарини асбоби мусиқии халқии Бадахшон- Озод Ошурмамадов, Суҳайлӣ Дилшодов ва Саидҳасан Саидҳасанов ифтихорнома ва мукофотпулӣ супорида шуд.

Ҷаласаи Раҳмонзода дар Вазорати фарҳанг: ба ҷашнҳо сурудҳои нав омода созед

Манбаъ қайд кардааст, ки соли гузашта новобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва мушкилии вазъ маркази мазкур фаъолият намуд. Маҳсули дасти ҳунармандони ин марказ дар шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Русия - Томск, Санкт-Петербург ва Маскав ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифтанд.

Бояд гуфт, ки ташкилоти ҷамъиятии “Де Помир” аз соли 2004 инҷониб дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии аҳли санъату фарҳанг ва рушди истеъдодҳои наврас фаъолият намуда, барои муайян кардани чеҳраҳои нави ҳунар ҳамасола озмунҳо баргузор менамояд”.