Қарор аст, Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузаштаро тасдиқ кунад.
Тарафдорони Трамп эълон карданд, ки рӯзҳои 5-ум ва 6-уми январ барои ҳимоят аз иддаоҳои беасоси раисҷумҳур, ки мегӯяд, дар интихобот тақаллуб шудааст, раҳпаймоӣ мекунанд.
Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ барои тасдиқи орои ҳайатҳои интихоботӣ раъй медиҳад, ки аксарияташон Ҷо Байденро раиси ҷумҳур баргузиданд. Бо вуҷуди онки мақомоти интихоботии ҳарду ҳизб, губернаторҳо ва вазорати адлияи Амрико гуфтаанд, ки дар интихобот тақаллуб нашудааст, Доналд Трамп иддаои баръакс мекунад ва шикаст дар интихоботро эътироф накардааст.