Ожонси ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад: то 50 дараҷа ҳаво сард мешавад

Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик дар мавзеи Булункӯл то 50 дараҷа ҳаво сард мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Рӯзҳои наздик ҳавои Тоҷикистон бесобиқа хунук хоҳад шуд, ҳушдор медиҳад Ожонси обуҳавошиносии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои оянда дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад.

Сард, вале бебориш: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

Манбаъ меафзояд, аз 8 то 10 - уми январ соли ҷорӣ бо сабаби софшавии ҳаво, шабона дар бештари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ то 10-15 дараҷа ва дар баъзе ноҳияҳо то 17 - 22 дараҷа ҳаво сард мешавад.

Дар Тоҷикистон зимистон оғоз мешавад: якбора 10 дараҷа сард хоҳад шуд

Аз ҷумла дар ноҳияҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 25 - 30 дараҷа хунукшавии ҳаво пешгӯӣ мешавад. Дар мавзеи Булункӯл бошад, сардии ҳаво то 50 дараҷа хоҳад расид.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар робита ба ҳавои сард ва ҳамчунин камчин будани оби рӯдхонаҳо лимит барвақттар ҷорӣ шуд. Аз танқисии неруи барқ аз ҳама беш сокинони ВМКБ азият мекашаванд, дар ҳоле, ки солҳои пеш сокинони ин вилоят ба фарқ аз сокинони манотиқи дигари ҷумҳурӣ аз ин мушкилиҳо дар канор буданд.