ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Сокини 34 - солаи Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдории фоҳишахона дастгир гардид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт ба ду ҷуфт, марди 36 ва зани 29 - сола, ки яке сокини Душанбе ва дигаре сокини Ҳисор мебошад, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Боздошти зани 35-сола, ки дар шаҳри Хуҷанд фоҳишахона ташкил кардааст
Инчунин, номбурда ба ду ҷуфти дигар аз Душанбе айнан чунин шароит фароҳам оварда, бар ивази он 150 сомонӣ гирифт.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, далели дигар низ ошкор шуда, марди 29 ва зани 39 - сола, сокинони пойтахт аз манзили иҷорагирифтаи ин зан истифода намуда, ба ӯ 150 сомонӣ мукофотпулӣ доданд.
Боздошти марди 55-сола барои ташкили фоҳишахона барои ҷавонони Хуҷанд
Манбаъ меафзояд, феълан аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.