Аз истеҳсоли нахустин яхдони "Помир" то амалиёти нобудсозии Алии Бедакӣ: имрӯзи таърих

Рӯзи чоруми январ рӯзи ҷаҳонии Нютон буда, дар Мянма – ҳамчун Рӯзи истиқлол таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1963 шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) таъсис дода шуд
Sputnik

Рӯзи 4 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1911 ширкати "Роллс-Ройс" барои автомобилҳои худ тамғаи махсус созмон дод.

Соли 1934 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Венгрия муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1976 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Гватемала 23 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2010 дар Дубай маросими ботантанаи ба истифода додани баландтарин бинои ҷаҳон - Бурҷи Халиф баргузор гардид.

Рӯзи 4 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1963 шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) таъсис дода шуд.

Соли 1964 дар корхонаи истеҳсоли яхдони шаҳри Душанбе аввалин маротиба яхдони тамғаи "Помир" истеҳсол карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаи сохтмони НБО "Роғун" баррасӣ гардид.

Соли 2010 дар шаҳри Пекин Сафири вақти Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов  дар робита ба 18-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо намояндагони ВАО вохӯрӣ  баргузор намуд.

Соли 2011 Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳоро баррасӣ намуд.

Соли 2011 — дар натиҷаи амалиёти махсус дар деҳаи Руноби водии Рашт Аловуддин Давлатов, бештар маъруф бо лақаби Алӣ Бедакӣ ва 7 тан аз ҳаммаслакони ӯ кушта шуданд.

Соли 2015 хабар дода шуд, ки ба Тоҷикистон зиёда аз 463 ҳазору 700 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз онҳо 413 ҳазору 834 нафарашон ба ҳайси сайёҳ омадаанд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон  дар Мамлакати Арабистони Саудӣ бо хабарнигори рӯзномаи "аш-Шарқ ал-Авсат" мусоҳиба дод.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон  шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 январ

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон.
  • Рӯзи ҷаҳонии Нютон.
  • Дар Мянма – Рӯзи истиқлолият.