Сукунат ё тӯфон - ҳавосанҷи иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2021 ба куҷо ишора мекунанд

Новобаста аз мушкилоти зиёди иқтисодӣ, Тоҷикистон тавонист миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ соли 2020-ро бо натиҷаҳои хуб анҷом диҳад ва ҳатто таҳлилгаронеро, ки натиҷаҳои начандон хуб пешбинӣ мекарданд дар ҳайрат гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Пандемияи COVID-19 иқтисоди ҷаҳонро ба як бӯҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ кард ва Тоҷикистон низ натавонист аз ин буҳрон худро канор бигирад.

Аммо, тибқи нишондиҳандаҳои ниҳоии соли равон наметавон гуфт, ки Тоҷикистон зарари ҷиддӣ дидааст. Баъзе аз рақамҳо бад нестанд, балки некбинандаанд.

Афзоиши оҳистаи ММД

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, дар семоҳаи сеюми соли равон афзоиши ММД 4,2% (55,6 млрд. сомонӣ) -ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 3 дарсад камтар аст.

Давоми 9 моҳи соли равон иқтисоди Тоҷикистон таҳти таъсири зиёди хавфҳои эҳтимолӣ, ки бо паҳншавии вируси корона, коҳиши рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва вазъи иқтисодии кишварҳои шарик вобастагӣ дошд, қарор гирифтааст.

“Ҳамаи ин омилҳо ба сустшавии назарраси рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат карданд", - иттилоъ додааст вазорат.

Афзоиш аз ҳисоби бахши воқеии иқтисодиёт - истеҳсолоти саноатӣ ва бахши кишоварзӣ сурат гирифт. Ҳамин тариқ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,7% (21,1 млрд. сомонӣ) афзоиш ёфт. Саноати коркард ба як бахши муҳими рушд табдил ёфт. Бахши кишоварзӣ афзоиши 8,1% (23,4 миллиард сомонӣ) нишон дод. Ҳамзамон бахши чорводорӣ (8,4%) ва растанипарварӣ (8,1%) ба натиҷаҳои хуб расид.

Таъсири COVID: пайомади пандемия барои кишоварзӣ ва саноат дар Тоҷикистон

Аммо савдои яклухту чакана ба таври назаррас поин рафт. Ҳаҷми он ба 6,3% (223,9 миллион сомонӣ) коҳиш ёфт. Сабаб коҳиш ёфтани қобилияти харидории аҳолӣ аз ҳисоби коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ сурат гирифтааст. Инчунин бояд ба назар гирифт, ки барои гузаронидани чорабиниҳои қарантинаӣ бозору, мағозаҳо барои харидорон барои як муддате баста шуда буд.

Ҳамин тадбирҳо боиси коҳиш ёфтани бозори хидматрасонии пулакӣ 4,5 дарсад (9,25 миллиард сомонӣ) шуд. Ҳамзамон дар соҳаи сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ низ таъсири манфӣ расонида шуд. Давлат низ ҳаҷми сармоягузориашро ба иқтисод кам кард, коҳиш дар ин бахш 5,3% -ро ташкил дод.

Тибқи маълумоти вазорат, таваррум ба ҳамёнҳои мардум низ зарбаи сахт зад. Гарчанде маоши миёнаи кормандон 10,2% афзоиш ёфта бошад ҳам, даромади воқеии мардум бо дарназардошти таваррум 2,1% коҳиш ёфтааст.

Таҳлилгарони Бонки Рушди АвруОсиё (EDB) пешгӯӣ доранд, ки таваррум то охири соли 2020 ба 8,5 дарсад мерасад. Аммо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) бар онанд, ки таваррум 10 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ҳошияи паҳншавии вируси корона нархи ҷаҳонии ғизо низ афзоиш  ёфтааст. Аксари маҳсулотро Тоҷикистон аз хориҷ ворид мекунад. Ин маънои онро дорад, ки дар баробари болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо афзоиши таваррум ва беқурбшавии пули сомонӣ низ мушоҳида хоҳад шуд.

Вазорати кишоварзӣ: сардиҳои ахир қариб нисфи сабзавоту меваро нобуд кард

Пояи иқтисодро дар куҷо бояд пайдо кард: дар корхона ё дар саҳро

Новобаста аз он, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ММД-и кишвар афзоиши назаррасро таъмин кард, коршиносони байналмилалӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия доданд, ки ба соҳаи кишоварзӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Ба ақидаи онҳо, маҳз пешрафт дар ҳамин соҳа ба кишвар имкон медиҳад, ки оқибатҳои пандемияро ба осонӣ сипарӣ кунанд ва ҳамзамон мавқеи хубро дар таъмини амнияти озуқаворӣ таъмин намоянд.

Ба назари таҳлилгарон пеш аз ҳама, бояд ҳузури хоҷагиҳои хусусӣ зиёд карда шавад ва барои фаъолияти самараноки онҳо, бояд ба кодекси андоз ислоҳот ворид кард, то кишоварзонро бо ҳисобу китобҳои фискалӣ буғи накунад.

Худи деҳқонон зарурати фароҳам овардани имтиёзҳои андозиро дуруст медонанд, аммо онҳо ин иқдомро зарурати аввали намедонанд. Барои деҳқонон  бештар муҳим он аст, ки ба кори онҳо дахолатҳои маъмурӣ хотима дода шавад.

Ин ҳамон ҳолатест, ки мақомот деҳқононро маҷбур месозад, дар заминҳои худ ин ё он зироатро кишт кунанд. Дар аксар вақт ба назар гирифта намешавад, ки деҳқон аллакай киштзорро мувофиқи талаботи худ омода намудааст ва барои хариди тухмӣ маблағ сарф кардааст. 

Деҳқонон ҳангоми ба бозор баровардани маҳсулоти худ низ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин ҷо миёнаравҳо нақш мебозанд. Нархҳои истеҳсолкунандагонро поин меоранду барои истеъмолгарон боло мебаранд.

Бонкҳо низ кӯмак намекунанд. Барои хариди таҷҳизот, пору ва тухмӣ бо фоизи паст, қарзи дарозмуҳлат гирифтан ғайриимкон аст. Шумо бояд барои ҳама чиз барзиёд маблағ пардохт кунед ё ба шароити онҳо розӣ шавед. Ин иқдом деҳқонро ба қарздории зиёд рӯ ба рӯ мекунад, ки ҳатто дар сурати фурӯши маҳсулот ба даст овардани фоидаи назаррасро кафолат намедиҳанд.

Рушди иқтисод коҳиш ёфт: коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсир расонд

Чӣ бояд кард?

Бо мақсади таъмини аҳолии худ бо маҳсулоти кишоварзӣ, дар моҳи апрели соли равон ситоди ҷумҳуриявӣ оид пешгирии паҳншавии вируси корона содироти баъзе аз намуди маҳсулотро муваққатан манъ кард. Ин тамоми намуди маҳсулоти ғалладона ва лӯбиёгӣ, орд, гӯшт, картошкаро дар бар мегирад.

Гузашта аз ин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз деҳқонон даъват кард, ки ҳаҷми кишти зироатҳоро ба маротиб афзоиш диҳанд ва аз ҳар як қитъаи замин дар як сол 2-3 ҳосил гиранд. Вай дар ин бора ба вазоратҳои саноат ва кишоварзӣ фармони дахлдор ирсол кард.

Сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, таҳдиди бӯҳрони озуқаворӣ ҳамоно зиёд аст. Таварруми доимӣ, фоизи беқурбшавии қарзҳо, андозҳои баланд ва болоравии нархи пору ва тухмиҳо заҳмати деҳқононро боз беарзиш мекунад.

Вазъро чун солҳои қаблӣ, дар шароити норасоии шадиди асъори хориҷӣ наметавон аз ҳисоби воридоти маҳсулот муъталдил кард.  Ягона роҳ ин роҳандозии ислоҳоти ҷиддӣ  дар соҳаи кишоварзӣ аст, ки метавонад ҳамаи мушкилоти дар боло зикршударо бартараф намояд. Танҳо дар ҳамин сурат Тоҷикистон метавонад эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ қонеъ намояд.