Нерӯҳои мардумии Ироқ - "PMF" 3 январи соли 2020 изҳор дошта буданд, ки бар асари ҳамлаи мушакӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, 5 узви ин созмон ва "ду меҳмон" кушта шуданд. Яке аз кушташудаҳо Қосим Сулаймонӣ будааст.
Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон қатли Сулаймониро аз ҷониби ИМА, террор ва аблаҳӣ хонд ва гуфт, ки ҷониби ИМА посухи Эронро интизор бошанд.
Хабари омодасозии қассоси Эрон барои қатли Сулаймонӣ ва ҳушдори Трамп
Ӯ афзуда буд, ки Сулаймонӣ аз муваффақтарин нерӯ дар мубориза бо созмонҳои террористии "ДОИШ", Ал-Нусра ва Ал-Қоида буда, қатлаш амали хеле хатарнок ва аблаҳона барои муташанниҷ кардани вазъият буд.
Мардум дар Ироқу Эрон аз фармондеҳи ироқӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис ва эронӣ Қосим Сулаймонӣ ёд карданд.