Раиси Панҷакент субҳи барвақти рӯзи истироҳатиаш ба кор омад ва доди мардумро шунид

Сокинон назди раиси шаҳр мушкилиҳояшонро арз намуданд. Дар пайи муроҷиати сокинон Абдухолиқ Холиқзода ба масъулин супоришҳои дахлдор дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Рӯзи шанбе, 2-юми январ аз субҳи барвақт, соати 07:45 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ дар утоқи кориаш ба қабули сокинон пардохтааст.

Раиси Панҷакент субҳи барвақти рӯзи истироҳатиаш ба кор омад ва доди мардумро шунид

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳр менависад, мӯйсафедону калонсолон, ятимону бепарасторон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳру деҳоти Панҷакент мушкилиашонро назди раис арз кардаанд.

"5 нафар вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин, 1 нафар вобаста ба соҳаи маориф ва фарҳанг, 1 нафар вобаста ба саҳми замин, 4 нафар вобаста ба ҷойи кор, 3 нафар вобаста ба кӯмаки моддӣ, 2 нафар вобаста ба гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабари замин, 1 нафар вобаста ба масъалаҳои тандурустӣ, 1 нафар оид ба масъалаи барқ, 2 нафар оид ба таъмин намудан бо оби полезӣ ва нӯшокӣ ва1 нафар оид ба масъалаи манзили истиқоматӣ муроҷиат намуданд",- менависад манбаъ.

Холиқзода Абдухолиқ ҷиҳати баррасӣ ва расонидани кўмаку дастгириҳои саривақтии муроҷиатҳои онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Дар нимаи дуюми рӯз раиси шаҳр бо гуруҳи корӣ бо шароити истиқоматкунандагони шаҳр ошноӣ кард.