Арзиши шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон гарон шуд

Ҳазинаи сабти номи ширкати тиҷорӣ низ, ки қаблан ҳазору 450 сомонӣ буд, ба ҳазору 500 сомонӣ расидааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik.  Пардохти ҳуҷҷатҳо, ҷаримаҳо ва литсензияҳо барои фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2021 зиёд карда шуд, гузориш медиҳанд расонаҳо.

Гарон намешавад: эълони арзиши патент дар Маскав ва вилояти Маскав барои соли 2021

Акнун ҳазинаи дарёфт ва ё тамдиди муддати эътибори гузарномаи хориҷӣ, ки қаблан 87 сомонӣ буд, ба 90 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин барои сабти номи Созмони байналмилалӣ бояд 6 ҳазор сомонӣ пардохт кард, ин рақам қаблан 5 ҳазору 600 сомонӣ буд.

Ҳазинаи сабти номи ширкати тиҷорӣ низ, ки қаблан ҳазору 450 сомонӣ буд, ба ҳазору 500 сомонӣ расидааст.

Ҳазинаи дарёфти гувоҳинома барои мутақозиёни фаъолият дар бахши хусусии Тоҷикистон низ аз 58 сомонии қаблӣ ба 60 сомонӣ расидааст.

Шаҳрдорӣ гуфт, нархи кадом маҳсулот дар Душанбе чӣ қадар боло рафтааст

Дар маҷмӯъ, арзиши пардохтҳо дар ҳамаи шӯъбаҳо барои баровардан ва тасдиқи ҳуҷҷатҳо  ба мизони 3,4  фоиз дар муқоиса бо соли 2020 афзудааст.