ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Марзҳои Арабистони Саудӣ дубора барои вуруд боз аст, хабар медиҳад Saudi Press Agency дар истинод ба Вазорати корҳои дохилаи кишвар.
Маълум аст, ки марзи кишварро метавон аз 3 январ убур кард.
Аммо бо далели вазъи эпидемиологӣ дар Арабистони Саудӣ тартиботи нав ҷорӣ мешаванд.
Ҳамин тавр, вуруд ба ҳудуди кишвар барои шаҳрвандоне, ки ду ҳафтаи охир дар Британияи Кабир ва Ҷумҳури ҷанубии Африқо ва дигар кишварҳое, ки ба намуди нави коронавирус дучор шуданд, мамнӯъ мемонад.
Афзун бар ин, шаҳрвандони воридшаванда бояд бо худ маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани коронавирус бигиранд ва аз 3 то 14 рӯз дар карантин монанд.
Аз 21 декабр подшоҳӣ марзҳояшро ба далели пайдо шудани намуди нави коронавирус дар як қатор кишварҳо баста буд.
Теъдоди парвозҳо аз Душанбе ба Стамбул ва Дубай афзоиш ёфтанд
Пештра Умон, як кишвари дигари арабӣ низ марзҳояшро ба рӯи хориҷиҳо боз кард.
Азбаски Тоҷикистон бо ин кишвар парвозҳои мустақим надорад, интизор мерафт, ки гуфтушуниди байни ду давлат дар бораи оғози парвоз, ки пештар сар шуда буд, идома ёбанд.