Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон эълон шуд

Ӯзбекистон санаи оғози парвози ҳавопаймо миёни Душанбею Тошкандро баъди танаффус ба далели коронавирус эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Хабар дар бораи оғози парвозҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро дафтари матбуоти ширкати ҳавоии Uzbekistan Airways нашр кардааст.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Манбаъ таъкид кард, ки нахустин парвоз 5 январи соли 2021 дар назар аст. Ҳавопаймо дар масири Тошканд - Душанбе – Тошканд парвоз хоҳад кард.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз нимаи марти соли гузашта қатъ шуда буданд.

Феълан тибқи қарори мақомоти Ӯзбекистон, шаҳрвандоне, ки марзи ин кишварро убур мекунанд, бояд аз санҷиши сареҳ гузаранд, ки аз ҳисоби худи мусофир анҷом дода мешавад. Дар мавриди оғози парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз иттилои расмие нашр нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон барои оғози парвозҳои мунтазам бо бархе кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия гуфтушунидҳо доранд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумлаи шартҳои он мебошад.