Куштор дар рӯзи ҷашни Соли нав дар Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзҳои 31 декабр ва 1 январ, ки сокинон соли навро таҷлил мекарданд, як ҳолати куштору як ҳолати кордзаниро сабт кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони одамкушӣ дастгир кард.

Аксҳои оилаамро аз телефонам гирифту "шантаж" кард: тафсилоти "куштори номусӣ" дар Масчо

“Номбурда, санаи 1-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат дар хонаи истиқоматиаш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки инчунин марди 68-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда, санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамдеҳааш марди 34-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задаст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Мақомот таъкид карданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.