ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳур, ки охири соли гузашта имзо шуд, яке аз созишномаҳо бо Иттиҳоди Аврупо ба рушди соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.
Лоиҳаи созишномаи молиявӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз рӯи “Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ” тасдиқ карда шавад, дастур додааст Раҳмон.
Аз ҷониби Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид, ноиби аввали сарвазири ҷумҳурӣ муваззаф шудааст, ки созишномаи мазкурро имзо кунаду дар сурати зарурат тағйиротеро, ки аҳамияти калидӣ надоранд, ворид созад.
Бо фармони дигар, раисиҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи созишномаи молиявӣ бо Иттиҳоди Аврупоро ба тасвиб расондааст, ки ба дастгирии ислоҳот дар соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ равона шудааст.
Феълан тафсилоти бештари созишномаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо барои рушди соҳаи тандурустӣ маълум нест. Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон муваззаф гардидаанд, ки бо ҳамкорони аврупоӣ замону макони имзои созишномаҳоро мувофиқа кунанд.