Рӯзи 2 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1921 Ҳизби коммунистии Люксембург таъсис ёфт.
Соли 1968 дар Африқои Ҷанубӣ дуюмин маротиба дар ҷаҳон ҷарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани дил сурат гирифт.
Соли 1959 аввалин стансияи автоматӣ- байнисайёравии "Луна-1" ба кайҳон бароварда шуд.
Соли 1961 ИМА муносиботи дипломатияшро бо Куба бекор кард.
Соли 1988 ИМА ва Канада дар бораи савдои озод байни ҳам шартнома ба имзо расониданд.
Соли 1992 Қазоқистон ба ҳайати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Урупо шомил шуд.
Рӯзи 2 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1925 дар ҳайати Тоҷикистони Шӯравӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.
Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати содирот" ва "Дар бораи хизмати дипломатӣ"-ро имзо кард.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар кард.
Соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав қабул гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 2 январ
- Дар ИМА — Рӯзи миллии мӯъҷизаҳои илмӣ
Рӯзи 2 январ кӣ ба дунё омадааст
Соли 1834 — Василий Перов, рассоми рус
Соли 1880 — Василий Дегтярев, ихтироъкори силоҳи оташфишонӣ.
Соли 1920 — Айзек Азимов, навсиандаи амрикоӣ.
Соли 1953 — Виталий Третяков, рӯзноманигори рус, сиёсатшинос ва муҷрии телевизион.
Соли 1963 — Сергей Жигунов, продюсер ва ҳунарманди синамо, ҳунарманди шоистаи Русия.
Соли 1969 — Кристи Тарлингтон, супермудели амрикоӣ.
Соли 1975 — Яна Рудковская, продюсер ва мусиқачии русиягӣ.
Соли 1983 — Кейт Босуорт, ҳунарманди амрикоӣ ва мудел.
Соли 1993 — Аглая Шиловская, сароянда ва ҳунарманди русиягӣ.
Рӯзи 2 январ дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1920 — Маҳмадулло Холов корманди давлатӣ, раиси Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз соли 1963 то 1984.
Соли 1940 — Сталина Азаматова, ҳунарманди балет, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, балетмейстри Театри опера ва балети Тоҷикистон.
Соли 1942 — Нуқра Раҳматова, сароянда, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон.
Соли 1946 — Доро Наҷот, шоир.
Соли 1950 — Халифабобо Ҳамидов, олим ва ҳуқуқшинос.