Ширин Амонзода ба хабаргирии аҳволи панҷгонаҳо рафт - акс

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба хабаргирии аҳволи Дилноза Маматова ва панҷ тифлаконаш рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Ширин Амонзода ба хабаргирии аҳволи панҷгонаҳо ба Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи укушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” рафт, гузориш медиҳад вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, вазир Дилноза Маматоваро барои таваллуди панҷ фарзанди солим табрик намуд.

Ширин Амонзода ба хабаргирии аҳволи панҷгонаҳо рафт - акс

Ёдрас мешавем, Дилноза Маматова сокинони деҳаи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати деҳоти “20- солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳии кории ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён мебошад.

Модари хушбахти тоҷик санаи 30 декабри соли 2020 дар “Пажуҳишгоҳи укушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” воқеъ дар шаҳри Душнбе се духтар ва ду писарро ба дунё овард.

Ваъзи саломатии модару фарзандон хуб арзёбӣ гардида, дар таърихи Тоҷикистон аввалин маротиба аст, ки модари тоҷик панҷгона таваллуд менамояд.

Се духтару ду писар: дар Тоҷикистон бори нахуст панҷгона таваллуд шуд

Ширин Амонзода таваллуди панҷгонаро дар арафаи Соли нави мелодӣ фоли нек арзёбӣ намуд.

Манбаъ афзудааст, аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модару тифлакони он туҳфаҳо тақдим карда шуд.