ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар шаҳри Бӯстон рух додааст.
Тавре ВКД менависад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳудуди шаҳри Бӯстон дастгир кард шуд.
Номбурда санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 21:20- дақиқа, ҳангоми дар хиёбони И.Сомонии шаҳри мазкур қарор доштан, дар ҳолати мастӣ, бо марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҷангу ҷанҷол намудааст.
Сипас бо корд 1-маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Додгоҳи олӣ ҳукми марде, ки бо 13 зарби корд ҳамсарашро кушт, эълон кард
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.