Тасдиқи фармони президент дар бораи барканории Муҳаммадзодаву таъйини Шарифзода

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ахиран дар иҷлосияи панҷумаш барканории Муҳаммадзода Маъруф ва таъини Шарифзода Фирдавсро ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд тасдиқ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ахиран дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва вакилони шаҳрӣ доир гардид.

Раиси 36-солаи шаҳри Хуҷанд: Фирдавс Шарифзода кист?

Бино ба иттилои дафтаи матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, дар маҷлиси мазкур нахуст вакилони шаҳрӣ фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020, № 73 “Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод намудани Муҳаммадзода Маъруф”-ро тасдиқ намуданд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки сипас ба самъи ҳозирин матни фармони Президенти Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020, № 74 “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин намудани Шарифзода Фирдавс” расонида шуд.

Гуфта шудааст, ки Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд дар назди вакилони шаҳр баромад намуда, аз Президенти Тоҷикистон барои бовариаш изҳори миннатдорӣ кард.  

Аз ҷумла ӯ зикр кардааст, ки тамоми қувваю васила ва донишу таҷрибаи хешро барои ободӣ ва рушди шаҳри бостонии Хуҷанд сарф намуда, барои Ватан, миллат ва сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат хоҳад кард.