Ситораҳое, ки дар соли 2020 дунёро падрӯд гуфтанд-аксҳо

Sputnik

Феҳрасти чанде аз чеҳраҳои шинохта дар соҳаҳои гуногун дар гузориши аксие ҷамъ оварда шуданд, ки дунёро дар соли 2020 падрӯд гуфтанд.

Соли 2020 ҷони кадом ашхоси машҳури Тоҷикистонро гирифт
Соли мотам: бузургони рафта дар соли 2020

Аз ҷумла коргардон Роман Виктюк дар соли 85-уми умраш бар асари пайомадҳои каронавирус ҷон дод.

Ҳунарпешаи амрикоӣ Чедвик Боузман моҳи август дар синни 43-солагӣ даргузашт. Ҳунарманди театру синамо Борис Клюев 1 сентябри соли 2020 дар 76-солагӣ даргузашт.

Кен Хенслӣ, овозхони шинохтаи бритониёӣ моҳи ноябр дар 75-солагӣ ҷон супурд. Ҳунарманд Валентин Гафт дар соли 86-уми умраш дунёро падруд гуфт. Литтл Ричард, яке аз асосгузорони рок-н-ролл 9 май дар синни 88 дунёро падрӯд гуфт.

Армен Ҷигарханян, ҳунарманди хизматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ 14 ноябр дар синни 86 дунёро падрӯд гуфт. Диего Марадона, футболбози маъруф 25 ноябр дар 60-солагӣ даргузашт.