Овозхони тоҷик аз миёни даҳ иштирокдори даври ниҳоии озмун ғолиб эълон гардид.
Камолова 17 сол дошта, дар оилаи овозхон Ҳасани Камол дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Интихоби иштирокдори ин озмуни байналмилалӣ имсол тариқи озмуни ҷумҳуриявӣ дар шабакаи телевизиони “Баҳористон” сурат гирифта буд.
Имсол наврасон аз кишварҳои ИДМ ва Исроил дар озмун қувваозмоӣ карданд. Намояндагон аз Русия беҳтарин ансамбл, гуруҳи JAM аз Қазоқистон беҳтарин гуруҳи эҷодӣ ва беҳтарин овозхон миёни наврасон Ефин Рабинович аз Исроил эълон шуд.
Озмуни "Во весь голос" бори чорум баргузор шуда истодааст. Намояндагони Тоҷикистон қаблан низ мақомҳои аввалро ишғол мекарданд. Аз ҷумла Амал Ҳафизова соли 2017 ва Афзалшо Сафарзода соли 2018 ҷойҳои намоёнро гирифтанд.
Роҳбари “Россотрудничества”, Евгений Примаков гуфт, ин озмуни байналмилалӣ бо ҳадафи наздиксозии овозхонҳои ҷавон аз кившарҳои ИДМ ва дигар давлатҳо роҳандозӣ шудааст.
"Во весь голос 2020" — озмуни овозхонӣ мебоошад, ки иштирокдорони он аз 13 то 17 сол доранд. То ҳол дар он намояндагон аз Русия, Тоҷикистон, Гурҷистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус ва Қазоқистон иштирок доштаанд. Ин чорабинӣ бо мусоидати “Россотрудничества” баргузор мешавад.