Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Фаронса дар Париж

Соли 2021 дар Париж баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Фаронса дар назар дошта шуда, ҳамзамон ҳайати сармоягузорони Франсия бо мақсади омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ахиран ин масъала зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран баррасӣ гардид.

Дастури муовини Сарвазир: камбудию норасоиҳоро дар бахши сармоягузорӣ бартараф кунед

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ хабар дод, ки  дар мулоқоти мазкур  масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус ҷалби сармояи мустақим аз Франсия  ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар баррасӣ шуд.

Саъдӣ Қодирзода ба Сафири Фаронса  доир ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, қонунгузории Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ маълумот додааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории судманд дар самти сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак табодули назар намуда, ба мувофиқа расиданд.