Пардохти 2 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ дар шаҳри Турсунзода

Ҳамчунин нисбати 36 сокини шаҳр  барои истифодабарии ғайриқонунии қувваи барқ санадҳои қуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 25 ҳазору 515 сомонӣ ҷарима намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода аз  15 то 28 декабри соли равон 1 миллиону 957 ҳазор сомонӣ қарзи истифодабарии барқро аз аҳолӣ ва корхонаҳои тиҷоратию истеҳсолӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Нисбат ба 36 нафар сокини шаҳр  барои ғайриқонунӣ истифодабарии қувваи барқ санадҳои қуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 25 ҳазору 515 сомонӣ ҷарима намуданд.

Шарҳи "Барқи тоҷик" дар бораи коҳиши содироти қувваи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон

Мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсияи шаҳри Турсунзода Шаҳбози Абдусаттор иброз дошт, ки дар ҳудуди шаҳри Турсунзода 57 адад коргоҳҳои нонпазӣ ва 9 адад ҳаммомҳои замонавӣ мавҷуд мебошанд, ки баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ бо ҳезум ва ангишт фаъолияти кориро ба роҳ монда, имрӯзҳо дар сатҳи олӣ ба сокинону меҳмонон ҳизмат мерасонанд, менависад АМИТ "Ховар".

Айни замон дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 100 нуқтаи фурӯши ангишт ва маводи сӯзишворӣ мавҷуд аст, ки шаҳрвандон сари вақт бо маводи сӯзишворӣ дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Фаъолияти нуқтаҳои ангишту сӯзишворӣ дар сарфа намудани қувваи барқ таъсири калон дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президент гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Турсунзода оид ба  истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Манбаъ афзуда, ки аз ҷумла,  дар ин муддат сокинони шаҳри Турсунзода 211 ҳазору 280  киловатт-соат қувваи барқро сарфа намудаанд.