"Девон" - и интиқодии Камоли Хуҷандӣ ба нашр расид

“Девон” - и илмӣ - интиқодии шоири клоссики тоҷик Камоли Хуҷандӣ бар асоси дастхатҳои қадимии ашъораш дар ду ҷилд мунташир шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Нуъмонҷон Неъматов аз адабиётшиносони ҷавон бо тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои ба нашр расонидани “Девон” и интиқодии Шайх Камоли Хуҷандӣ, адабиётшиноси маърӯфи тоҷик, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Фахриддин Насриддинов ба таҳқиқи беш аз шаст дастхати ашъори шоир пардохтааст, ки то имрӯз чунин осори қадимӣ мавриди истифода ва корбурд қарор нагардида буданд.

“Дар нашри “Девон” нусхаҳои ашъори шоир ба эътибор гирифта шуда, ки дар дусадсолаи аввал пас аз вафоти шоир, яъне дар асрҳои XV-XVI, китобат гардида бошанд. Дар ин тасҳеҳ, илова ба нусхаҳои куҳани дар Тоҷикистон мавҷуд буда, нусхаҳои мӯътабари кишварҳои Русия, Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Олмон, Амрико, Озарбойҷон, Шветсия, Узбекистон ва ғайра истифода шудаанд”, таъкид намуд Неъматов.

Бино ба иттилоъи манбаъ, “Девон” -и интиқодии Шайх Камоли Хуҷандӣ аз ду ҷил иборат буда дар ҳаҷми 1432 саҳифа аз ҷониби нашриёти “Ношир” чоп шудааст.

Ҷилди аввали он шомили муқаддимаи мусаҳҳеҳ, қасидаҳо ва ғазалиёт (аз "алиф" то поёни ҳарфи "зо") аст.  Ҷилди дуюм фарогири идомаи ғазалиёт (ҳарфи "син" то "ё"), муқаттаот, рубоиёт, мулҳақот, таълиқот ва феҳристҳо мебошад.

Раҳмон гуфт, чаро Камоли Хуҷандӣ маҳз Табрезро ҷойи зист интихоб кард

Муҳаққиқони адабиётшиносӣ ба нашр расидани чунин китоби ашъори Шайх Камоли Хуҷандиро беҳтарин туҳфа барои дӯстдорони илму адаби тоҷик маънидод мекунанд.

Баъди чанд қарн биҷӯянд Камол

Тирамоҳи имсол 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ бо қарори Созмони Юнеско ва бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон таҷлил намуданд.

Шоири класски тоҷик Камоли Хуҷандӣ соли 1321 дар Хуҷанд таваллуд шуда, вале дар Табрез басар бурда ва ҳамон ҷо аз олам даргузаштааст.

Соли 2015 бо ибтикори устондори Суғд, муште аз хоки қабри  Камол ба Хуҷанд оварда шуд ва дар канори руди Сир боғи фроғатие ба номи шоир ифтитоҳ шуд ва он ҷо зиёратҷой барои адабпарварон барқарор гардид, инро адабиётшиносон бозгашти маънавии Камол ба зодгоҳаш маънидод кардаанд. Ба ҳисоби зиёратҷой, пайкара ва хонаи шоир бунёд карда шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳоло ба ҳисоби ин боғи фароҳатӣ чанд кӯча ба номи Камол табдили ном шудааст. Калонтарин театр дар шимоли Тоҷикистон ҳам номи Камоли Хуҷандиро дорад.