ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Азимӣ Камолҷон Оқилзода, сардори раёсати молияи шаҳри Панҷакент тибқи як шартномаи тендерӣ ба суратҳисоби ширкати "Ободонии ватан" – и шаҳри Хуҷанд аз маблағҳои буҷетӣ 510 ҳазор сомонӣ интиқол дода, аз намояндаи ин ширкат Нозимов А. 31 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.
"Ин маблағ барои харидорӣ кардани таҷҳизоти рентгении рақамӣ барои Маркази саломатии шаҳри Панҷакент, ки барои ташхиси бемории "вируси корона" ё COVID - 19 пешбинӣ шудааст, ҷудо шуда буд. Аммо сардори раёсати молия аз намояндаи ширкати "Ободонии ватан" талаб кардааст, ки як қисми маблағро ба ӯ диҳад", - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба ин манбаъ, 21 сентябри соли равон Камолҷон Азимӣ аз сӯи кормандони прокуратураи шаҳри Панҷакент боздошт ва 24 сентябр алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 319, қисми 1 - Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - гирифтани пора, парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.
"Дар пайи боз шудани парванда сардори раёсати молияи шаҳри Панҷакент ба ҳабс гирифта шуд", - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ афзуд, прокуратураи шаҳри Панҷакент тафтишоти пешакии ин парвандаро 26 ноябри соли равон такмил карда, ба суди ин шаҳр фиристод.
"Намояндаи ширкат ҳамчун ҷабрдида ба ҷавобгарӣ кашонда нашуд", - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Барои чӣ дар нақлиёт метавонанд шаҳрвандонро 15 сомонӣ ҷарима банданд?
Рӯзи 18 декабри соли равон, суди шаҳри Панҷакент Камолҷон Азимӣ, собиқ сардори раёсати молияи шаҳри Панҷакентро 232 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, пас аз ҳудуди се моҳи ҳабс аз толори суд озод намуд.