Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар шабонарӯзи гузашта 32 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор гардид.

Сироятёбӣ ё эмгузаронӣ аз COVID-19?: ҳамаи ҳақиқат дар бораи вируси корона

Манбаъ тавзеҳ дод, ки аз оғози пандемия, - охири моҳи апрел то шоми имрӯз дар маҷмӯъ 13 ҳазору 237 нафар гирифтори коронавирус шуданд.

Бар асоси омор, аз ин 12 ҳазору 726 нафар шифо ёфтаанд. Аз ҷумла Вазорати тандурустӣ таъкид мекунад, ки танҳо шабонарӯзи гузашта 34 нафар шифо ёфта, ба хонаҳояшон мураххас шуданд.

Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон расман 90 нафар гуфта мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки бо мақсади ҷилавгирӣ аз мавҷи дигари бемории коронавирус қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд. Таъкид шудааст, ки бо пӯшидани ниқобу риояи фосилаи иҷтимоӣ худу наздиконашонро эмин нигоҳ доранд.