Охирин намоиш-фурӯши китобҳо дар соли 2020 дар Душанбе

Нашриёти “Адиб” эълон кардааст, ки охирин намоиш-фурӯши китобҳои нашркардаашро дар соли равон рӯзи 29-уми декабр баргузор мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Шоир Давлат Сафар, мудири нашриёти “Адиб” бо нашри як эълон гуфт, намоиш-фурӯши китобҳо 29 декабр, аз соати 8:00 то 12:00 дар Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

Генерал Навҷувонов милисаи сермутолиаи Суғдро қадрдонӣ кард

Ӯ таъкид кард, ки хоҳишмандон дар намоишгоҳ метавонанд аз тазкираи нобиғагони адабиёти муосири тоҷик, Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ баҳра баранд.

Барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғ” аз зебоии олами адабиёту муҳити хароби фарҳангӣ дар шаҳр гуфт

“Бе муболиға, нодиртарин ашъори эшон дар ин тазкира аст. Се тан аз бузургони адабиёти асилро бо ин тазкира хоҳед шинохт, ки мураттибаш Низом Қосим аст”, - изҳор доштааст Давлат Сафар.

Зикр шудааст, ки дар ин намоишгоҳ дар баробари китобҳои чопи пешин, инчунин китобҳои тозанашри шоирону нависандагони тоҷик аз тозаҳои эҷодии Камол Насрулло "Кафсанг" ва "Оинаи ломакон", Давлат Сафар "Тарозуи чашм", Кароматулло Мирзо "Ишқи сархӯр", Зулфия "Фасли орзуву андеша", Раънои Мубориз "Гулбоғи рубоӣ", "Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон" ва даҳҳо китоби ҷолибу шавқовари дигар ба маъраз гузошта мешавад.