Харгӯшакҳо ва Бобои барфии савори мушак: руқъаҳои хотирмони даврони СССР чигуна буданд

Sputnik

Руқъаҳо ҳамеша рамзи меҳрубонӣ ва ҷашн буданд, ки дар иду айём ба хешовандон ва дӯстон тақдим мешуданд.

Ҳикояе ҳаст, ки аввалин корти солинавии русиро рассом Николай Каразин кашидааст. Тибқи фарзияи дигар, созандаи он директори китобхонаи Академияи санъатҳои императорӣ Фёдор Бернштам буд.

Руқъаҳо бо орзуи муҳаббату хушбахтӣ пас аз расидани Ҳокимияти Шӯравӣ нопадид шуданд. Он гоҳ Мавлуди Исо ва Соли нав мақоми худро ҳамчун ид аз даст доданд.

Маскави яраққосӣ: чигуна пойтахтро ба Соли нав оро доданд - навор

Кортҳои солинавӣ дар СССР аз солҳои 1920 - 1930 амалан бароварда намешуданд. Худи ид низ ҷашн гирифта намешуд. Аз соли 1930 то 1947, 1 январ рӯзи корӣ буд.

Пас аз чандин сол, дар соли 1939, нашриёти "Санъати тасвирӣ" -и Маскав откриткаи "Соли нав муборак" -ро баровард. Бо шумораи хело маҳдуд.

Кортҳои табрикотии оммавии Шӯравӣ аз соли 1953 истеҳсол мешуданд. Асосан онҳо дар корхонаи "Гознак" чоп мешуданд.

Дар табрикномаҳо рассомон мавзӯъҳои гарму рангинро эҷод карданд. Намунаҳои ҷолибтарин откриткаҳо дар мавзӯи соли нав буданд.

Дар арафаи Соли нав чӣ гуна бояд амал кард

Давраи авҷи истеҳсоли чунин кортҳо ба солҳои 1960 ва 1970 рост меояд. Дар ин вақт, рассомон Владимир Зарубин, Иван Дергилев, Владимир Четвериков дар паҳлӯи Бобои Барфӣ ва Снегурочка ба тасвири дигар қаҳрамонҳои афсонавӣ шурӯъ карданд. Якҷоя бо ҷодугарони маҳбуб хирс, рӯбоҳ, харгӯш, сайг ва дигар ҳайвонот пайдо шуданд.

1 / 18
Руқъаи солинавии "Бобои барфӣ ва кӯдакон санкабозӣ" мекунанд
2 / 18
Откриткаи солинавии "Кайҳоннавард бо арча дар парашют"
3 / 18
Руқъаи солинавии "Москва"
4 / 18
Руқъаи солинавии "Металлург".
5 / 18
Откриткаи солинавии "Бобои барфӣ, Барфак ва кӯдакон санкабозӣ мекунанд"
6 / 18
Руқъаи солинавии "Масхарабозҳо"
7 / 18
Откриткаи солинавии "Хирсаки олимпӣ дар кураи ҳавоӣ"
8 / 18
Руқъаи солинавии "Хонаводаи хорпуштакҳо барномаи солинавӣ тамошо мекунанд"
9 / 18
Руқъаи солинавии "Барфак ғижжак менавозад"
10 / 18
"Москва ва барфак"
11 / 18
"Барфиҳо тарона мехонанд"

12 / 18
Откриткаи солинавии "Барфаки раққоса"
13 / 18
Руқъаи солинавии "Сайругашти мардуми дар Соли нав"
14 / 18
"Бобои барфӣ арчаро ороиш медиҳад"
15 / 18
Откриткаи солинавии "Бобои барфӣ бо Соли нав табрик мекунд"
16 / 18
Руқъаи солинавии "Санҷобак ва шийлона"
17 / 18
Откриткаи солинавии "Бобои барфӣ савори мушак".
18 / 18
"Меъмории Шӯравӣ ва арча"