Дуздии барқ дар корхонаи давлатӣ ба маблағи беш аз 130 ҳазор сомонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барқчии корхонаи воҳиди давлатии “Захираҳои моддӣ”-ро дар дуздии барқ муттаҳам мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дурбади шаҳри Ҳисор бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб дастгир карда шуд.

Нигаронии Расулзода аз истифода зиёди барқ дар Бохтар: ҳамчун ватандор бояд муносибат кард

Манбаъ мегӯяд, дастгиршуда дар асоси фармоиши директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Захираҳои моддӣ” дар кӯчаи Абдуллобекови ноҳияи Сино аз санаи 1-уми июни соли 2020 ба ҳайси барқчӣ таъйин гардида буд.

Ба иттилои тафтишот, муттаҳам қаблан дар ҳамин корхона ҳангоми фаъолият намуданаш бо собиқ муҳандиси ҳамин корхона марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Захираҳои моддӣ” ноқили 3-фаза бо роҳи дуздӣ пайваст намудааст.

Зарари расонда аз амали барқчию муҳандис 133 ҳазору 343-сомонӣ арзёбӣ шудааст, ки аз он ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Захираҳои моддӣ” 54 ҳазору 785 сомонӣ ва ба ҶСК “ШБ шаҳри Душанбе” 78 ҳазору 558 сомонӣ рост меояд.

“Ҳамзамон, ноқили барқиро ба ҳисобкунаки барқии дар ягон ҷой дар қайд набуда, бе шартнома ва шартҳои техникӣ пайваст намуда, муддати 1-солу 6-моҳ аз ҶДММ “Ширинтф” маблағи муайян ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.