Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта 33 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Олим гуфт, коронавируси бритониёӣ чӣ хатар дорад

Манбаъ афзуд, ки тайи ин муддат инчунин 35 нафари дигар аз маризии коронавирус шифо ёфта,  ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Котиботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмуъ аз охири моҳи апрел замони сар задани пандемияи коронавирус дар ҷумҳурӣ то шоми 27 декабр 13 ҳазору 205 ҳолати мубталошавӣ ба қайд гирифта шуд.

Аз ин то ҳол 12 ҳазору 692 нафар шифо ёфтаанд, ки ҳудуди 96 дарсади теъдоди умумии гирифторшудаҳо мебошад.

Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар замони пандемия то ҳол ба 90 нафар баробар шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд,  бо пӯшидани ниқобу нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ худу наздиконашонро аз ин маризӣ ҳифз намоянд.