Азми Азим Иброҳим барои рақамикунонии соҳаи нақлиёт

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, бо баргузории як ҷаласа изҳор дошт, ки мо бояд ҳамқадами замон бошему дар фаъолияти кориамон аз технологияи наву муосир хуб истифода карда тавонем
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Вазири нақлиёт бо иштироки тобеинаш ва намояндагони ширкатҳои “Сармояи рақамӣ” ва “Шоизар” машварат баргузор кард.

Мансаби нави Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон

Ба иттилои котиботи Вазорати нақлиёт, нахуст Азим Иброҳим  ҳадафи баргузории машваратро ба ҳозирин шарҳ дод.

“Роҳбарияти Вазорати нақлиёт тасмим гирифтааст барои пешрафти кори босифат ва саривақтиву сарфакорона, фаъолияти тамоми сохторҳои соҳаро бо истифода аз технологияи нав ба роҳ монад. Дар ин иртибот тасмим гирифтем, ки рақамикунонии логистикаи нақлиётӣ, коркарди рақамии роҳхату борхатро ҳарчи зудтар ба роҳ монем”, - таъкид намуд Азим Иброҳим.

Ӯ илова намуд, ки фаъолияти барномаи “Низоми идоракунии  дороиҳои роҳ”-ро васеътар бояд намуд.

“Агар лозим ояд, барои зери назорати қатъӣ гирифтани кори техникаи роҳнигоҳдорӣ ва ташкил намудани “фонди маълумот” (база данных) дар назди Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ шуъбаи махсус иборат аз мутахассисони сатҳи баланд таъсис хоҳем дод”, - гуфт вазир.

Дар машварат таъкид шудааст, ки бо гузаштан ба ин намуди фаъолият кори ҳам ронанда, ҳам ташкилоте, ки роҳхату борхат медиҳад ва ҳам нозирон осонтар мегардад.

Аммо барои пурра ба ин сохтор гузаштан марҳилаҳоро тай кардан даркор ва рақамикунонии роҳхату борхат ин марҳилаи аввал аст, ки аз он фаъолиятамонро ба роҳ мемонем, гуфтанд мутахассисон. Дар фарҷом вазири нақлиёт ба масъулини соҳа дастур дод, ки ҳар чи зудтар масъаларо омӯхта, баҳри амалӣ кардани он тадбирҳо биандешанд.