Ҷаласаи Давлаталӣ Саид: ба санҷиши фаъолияти бархе соҳибкорон мараторий эълон шуд

Кумитаи омор пешниҳод кардааст, ки бархе аз соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз санҷишҳо озод карда шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Дар Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи омор ба санҷиши фаъолияти бархе аз соҳибкорон мараторий эълон шуд.

Дастури Рустами Эмомалӣ барои танзими нарху аз байн бурдани миёнаравҳо ва рақобати солим

Ин қарор дар ҷаласае, ки имрӯз Давлаталӣ Саид, муовини сарвазири Тоҷикистон  ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ бо масъулин анҷом дод, қабул гардид.

"Ҳамарӯза шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ тағйир меёбанд, корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд мегарданд,  барҳам мехӯранд ё ин ки шакли ташкилию ҳуқуқиашонро тағйир медиҳанд. Ин раванд зарурати таҷдиди назар намудани Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро мунтазам тақозо менамояд", -  менависад "Ховар" дар истинод ба изҳороти вижа дар ҷаласа.

Бинобар ин дар ҷаласа тибқи пешниҳоди Агентии омор нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки оид ба истеҳсолот ҳисоботи оморӣ месупоранд, ҷиҳати бархурдор намудани онҳо аз қонунгузории мараторий ба санҷишҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд, афзудааст манбаъ.

Дар ҷаласа муовини раиси Шӯро-Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро- вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ,  кишоварзӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва дигар  масъулин иштирок намуданд.