Зиндаятим: кӯдакони муҳоҷиронро чӣ интизор аст

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар бештари ҳолатҳо кӯдаконашонро дар назди хешовандон ва ё волидонашон гузошта, ба кишвари дигар сафар мекунанд, аммо кӯшиши таъмини моддии оила барои кӯдак оқибатҳои худро дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Мушкилии асосии кӯдакони муҳоҷирро, ки бе волидон ба воя мерасанд, "Forbes Қазоқистон" таҳлил кардааст. Сабаби назарпурсӣ аз коршиносон ва таҳлили омор дар ин масъала ҷинояти мудҳише шудааст: духтари як зани ӯзбекро, ки ба муҳоҷират рафтаву фарзандашро дар дасти дугонааш гузошта буд, ахирон сахт азоб медодааст.

Маълумотҳои умамӣ

Бояд қайд кард, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирон дар иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири калон дошта, ҳиссаи калони ММД Тоҷикистон ва Қирғизистонро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, маҳз интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ даромади назаррасро ташкил медиҳанд.

Натиҷаи хуби соли вазнин: муҳоҷиронро дар соли 2021 чи навгоние интизор аст

Тибқи маълумоти ЮНИСЕФ, имрӯз дар Тоҷикистон ҳар сол тақрибан 5 ҳазор кӯдак аз парастории волидайн маҳруманд ва дар бисёр ҳолатҳо ин ба муҳоҷират вобаста аст. Нуктаи дигари муҳим: шумораи заноне, ки ба муҳоҷират мераванд, тадриҷан меафзояд, ин маънои онро дорад, ки шумораи кӯдаконе, ки бе тарбияи модар мемонанд, низ, меафзояд.

Ин вазъ ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин созмонҳои байналмилалиро ба ташвиши ҷиддӣ меорад: аз сабаби "бепадарӣ", ҳам шумораи ҷиноятҳо нисбати кӯдакон ва ҳам ҷиноятҳои содиркардаи наврасон меафзояд.

Бибиҳои меҳрубон ҷои волидонро намегиранд

Падару модарон ҳангоми сафар ба кишвари хориҷ, фарзандони ноболиғи худро ба дӯши волидони пиронсолон ё хешовандони дур ва ҳатто шиносҳояшон мегузоранд. Пешгӯӣ кардан бенияҳоят мушкил аст, ки ин вазъ чӣ поёмадҳоеро дорад.

"Волидон дар Русия дар пайи кор, кӯдакон ба ҳоли худашон гузошта шудаанд. Онҳое, ки синну солашон калонтар аст, аксар вақт "қаҳрамон" -и гузоришҳои полис мешаванд. Тақрибан ҳар як навраси сенздаҳум, ки ба милиса меафтад, фарзанди муҳоҷирони меҳнатӣ аст ", - мегӯяд Раҳмон Улмасов, коршиноси тоҷик оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ.

То ҳол касе таҳқиқоти таҳлилӣ нагузарондааст, ки дақиқ нишон диҳад, то чӣ қадар наврасони бе падару модар тарбияшаванда, таҳти тафтиши милиса қарор доранд ва ҳатто шумораи кӯдаконе, ки модарон ва падаронашон дар хориҷ кор мекунанд, муайян карда нашудааст. 

БОР ба ҳукумати Тоҷикистон тавсиа дод, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирини кориаш дифоъ кунад

Коршиносон метавонанд танҳо ба маълумоти ЮНИСЕФ назар кунанд, ки тибқи он 59% занони муҳоҷири меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ фарзандони то 16-солаи худро дар хона гузоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, амният танҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ, балки ба саломатии он дахл дорад.

Набудани волидон аксар вақт бо ғизои бесифати кӯдак, бад шудани таҳсилоти ӯ, зуд-зуд иштирок накардани маҳфилҳо ва сексияҳои варзишӣ алоқаманд аст. Ба бобою бибӣ аксар вақт нигоҳубини набера душвор аст ва ҳатто бо муҳаббат ва ғамхории пурраи онҳо кӯдакон дар муқоиса бо дигар фарзандон, ки волидонашон дар барашонанд, бечора ҳис меунанд", - мегӯяд психологи ӯзбекистонӣ Азизбек Болтаев.

Тибқи омори MediaDataLab ва пурсиши Forbes, танҳо 14% парасторон мушкилоти молиявӣ доранд ва зиёда аз 70% муҳоҷирон ба хешовандон кӯмаки молиявӣ мерасонанд. Мутаносибан, масъалаи моддӣ дар тарбияи фарзандони муҳоҷирон пеш аз мушкилоти иҷтимоӣ ба заминаи аққал табдил меёбад.

Дар Санкт-Петербург кӯдаки тоҷик аз доруи парасетамол заҳролуд шуд

Кӯдак метавонад пурра мустақил бошад, зебо пӯшад ва хуб хӯрад, дар ҷамъият фаъол бошад ва мактабро хуб хонад, аммо набудани волидон дар ҳамин ҳол ҳам фишори психологӣ меорад.

Дар чашми онҳо шумо ниёз ба муҳаббат ва ғамхорӣ мебинед. Волидайни хонандае, ки ман роҳбари синфаш ҳастам, ба Туркия рафтанд. Бибияш ӯро комилан нигоҳубинӣ мекунад, ба мактаб мефиристад. Худи писарак тарбиятдида аст, аммо доим як ғамгиние дар вай эҳсос мешавад",- мегӯяд муаллими мактаб Гулмира Омонова аз мушоҳидаҳои худ.

Аммо муайян кардани мушкилӣ пеш аз зуҳур кардани он қариб ғайриимкон аст. Сардори шӯъбаи полиси ноболиғони дар Нур-Султон Нелла Дошчанова мегӯяд, кӯдакони муҳоҷирон ҳангоми гузаронидани корҳои профилактикӣ ва ё пас аз содир кардани ҷиноят ва ё содир шудани ҷиноят нисбаташон ошкор мешаванд.

Чигуна метавон кӯмак кард

Психологи ӯзбек Азизбек Болтаев мегӯяд, беҳтараш кӯдакро ҳангоми сафар бо худ гирифт.

"Кӯдакро бояд пеш аз рафтан волидон аз ҷиҳати равонӣ омода кунанд. Агар ба кӯдакон вазъиятро фаҳмонем ва тавзеҳ диҳем, ки ҳаёташ дар дурӣ аз волидон чигуна тағйир хоҳад ёфт, пас аз сафари волидон, ӯ зудтар адабтатсия мешавад, - мегӯяд равоншинос.

Тоҷикдухтар мактаби Маскавро бо медали тилло хатм кард: ватандӯстии ӯ ва узрхоҳии муаллим

Ҳамчунин вай афзуд, ки ҳангоми сафар бояд доим бо кӯдакон дар алоқа буд ва аз вазъаш на танҳо аз парасдорон, балки аз шахсони севум низ пурсид.

Коршиносони ЮНИСЕФ тавсия медиҳанд, ки заминаи қонунгузорӣ таҷдиди назар карда шуда, механизмҳои самарабахши ҳифзи оилаҳо ва кӯдакони осебпазир муҳайё карда шаванд.