ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Ӯ гуфтааст, инчунин омода аст, ки дар сурати гирифтани тасдиқи эътимоди мардум роҳбариро дар Арманистон идома диҳад, навиштааст РИА Новости ба нақл аз навиштаҳо дар сафҳаи Фейсбуки сиёсатмадор.
Сарвазир қайд кард кардааст, ки шаҳрвандони кишвар талаби мухолифинро дар бораи истеъфои ӯ дастгирӣ намекунанд.
Ба гуфтаи Пашинян, рақибони сиёсӣ тамоми имкониятҳоро доштанд, ки аз талабҳои онҳо пуштибонии мардум пайдо шавад.
"Мухолифин дорои захираҳои бузурги молиявӣ, васоити ахбори омма ва ташкилӣ, имкониятҳои васеъ барои ташкили гирдиҳамоиҳо ва тазоҳурот мебошад, аммо натанҳо дастгирии мардумро барои талабҳои худ таъмин карда натавонист, балки шумораи ҷонибдоронашон ба ҳадди аққал расиданд, раванд дар майдонҳо "кӯҳна шуда истодааст ". Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки мо қудратро тавассути зӯроварии бераҳм нигоҳ доштаем. Баръакс, моро ба нармӣ муттаҳам мекунанд ",-гуфт ӯ.
Сарвазир таъкид кард, ки ӯ ба курсӣ "часпидан" намехоҳад, шахсан худи ӯ ва тими ӯ бояд "дар назди мардум посух гӯянд".
Ҳодиса дар Сисян: Пашинян бо исрори руҳонӣ ибодатгоҳро тарк кард – видео
"Тақдири ин вазифа ва ояндаи роҳбарияти сиёсии кишварро бояд мардум тавассути иродаи озод ҳал кунанд ва ман ҳамчун сарвазири Арманистон худро кафили ин изҳори озодонаи ирода мешуморам", - афзудааст сиёсатмадор.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳама саволҳо як ҷавоб ҳаст - баргузории интихоботи пешазмуҳлати парлумонӣ дар соли 2021.
Вай "нерӯҳои иловагии парлумонӣ ва манфиатдор" -ро барои баргузории машварат даъват кард.
Амалҳои мухолифин дар Арманистон аз 10 ноябр бо талаби истеъфои Пашинян баргузор мешаванд. Онҳо пас аз имзои созишномаи оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ оғоз карданд.
Пашинян аз ҷанг дар Қаробоғ ва натиҷаҳои он - видео
Ёдовар мешавем Арманистон ва Озарбойҷон бо миёнаравии Маскав ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҷангиро комилан қатъ кунанд ва зиндониён ва ҷасадҳои мурдагонро иваз кунанд.
Пашинян худро ҷавобгар барои Қарабоғ хонду гуфт, пеши додгоҳи мардумӣ бояд муҳокима шавад
Ереван инчунин ноҳияҳои Келбаҷар, Лочин ва Агдамро ба Боку дод. Ғайр аз ин, дар минтақа посдорони сулҳи Русия мустақаранд.