Ҷазои ду соҳиби мағоза барои фурӯши молашон бо асъори хориҷӣ

Додгоҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ ду соҳиби мағозаро барои фурӯши молашон бо асъори хориҷӣ ҷарима бастааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Амирбеков Набӣ, истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим, дар мағозаи хусусиаш, воқеъ дар деҳаи Зумудги ноҳия тахминан молу маҳсулоти дар мағозааш гузошташударо бо асъори хориҷӣ фурӯхтааст.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Манбаъ афзуд, ин ҳолат зимни гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия ҳангоми хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ ошкор карда шуд.

Ба иттилои Додситонии кул, дар ҳолати дигар Мамадсаидов Аминбек, истиқоматкунандаи деҳаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим, 4-уми сентябри соли 2020 дар мағозаи хусусиаш, воқеъ дар деҳаи Гармчашма бо асъори хориҷӣ муомилоти ғайриқонунӣ намудааст.

Додситонии ноҳияи Ишкошим нисбати ин ду нафар бар асоси моддаи 541-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиба дод, додгоҳи ноҳия онҳоро ҷарима бастааст.