Тасдиқи буҷаи Душанбе барои соли 2021

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷаи пойтахт барои соли 2021-ро тасдиқ намуданд, ки беш аз 2,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik.  Маҷлиси вакилони халқ қарор кард, ки буҷаи шаҳри Душанбе барои соли 2021 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи ­2 миллиарду 316 миллиону 300 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Дастури Рустами Эмомалӣ барои танзими нарху аз байн бурдани миёнаравҳо ва рақобати солим

“ Ҳамчунин ҳисобот оид ба иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019 аз рӯи даромад ба маблағи 2 миллиарду 53 миллиону 303 ҳазору  587 сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 1 миллиарду  958 миллиону 709 ҳазору  766 сомонӣ  тасдиқ карда шуд”, - хабар дод шаҳрдорӣ.

Дар мавриди харҷу дахли буҷаи Душанбе дар соли 2020 иттилое ироа нашудааст.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ соли равон ба 10,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз афзуд ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 19 фоизро ташкил дод.

“Дар соли 2020 рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 106 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 105 фоиз, гардиши савдо 103 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 106 фоиз ва боркашонӣ 109 фоиз таъмин гардидааст”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.