ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.
Манбаъ афзуд, шумораи гирифторшудаҳо аз 30 апрел то 25 декабр ба 13 ҳазору 138 нафар расид.
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид намуд, ки давоми шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз каронавирус то ҳол Тоҷикистон 12 ҳазору 618 нафарро ташкил медиҳад, ки 96,0%-и теъдоди умумии гирифторшудаҳоро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод илова намуд, ки ҳолатҳои фавт шабонарӯзҳои охир сабт нашуда, аз 30 апрел то 25 декабр дар маҷмуъ 89 фавтида аз коронавирус ба қайд гирифта шуданд.
Вазорат зикр кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.