Маълум шуд, тоҷикистониён дар Соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд

Бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ тоҷикистониён дар остонаи Соли нави мелодӣ се рӯз истироҳат мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Соли нав се рӯз истироҳат мекунанд.

Тақвими мусалмонӣ барои соли 2021

Дар ин бора як манбаъ аз Федеросюни иттифоқи касаба ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тоҷикистониён дар Соли нав боназардошти рӯзҳои истироҳатӣ шанбе ва якшанбе, се рӯз истироҳат мекунанд.

"Тибқи тақвим Соли нав имсол рӯзи ҷумъа фаро мерасад, ки мувофиқи Қонуни  Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" истироҳат эълон шудааст. Рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳати тақвимӣ мебошад",-афзуд манбаъ.

Ҳаминтавр, бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ тоҷикистониён дар остонаи Соли нави мелодӣ се рӯз истироҳат мекунанд

Соли Бақар: беҳтарин аксҳои рамзи соли 2021

Тоҷикистониён соли гузашта низ се рӯз-санаҳои 30, 31 ва 1-уми январ истироҳат карда буданд.